<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><lyrics>[V1]
.Am
 Ҳамд гӯям Раббро, эй мардумон
.Dm
 Дар ҷамоат, дар нишасти одилон.
.Am
 Корҳои Эзиди мо беназир,
.Dm
 Баҳри кулли шавқмандон дилпазир.

[C1]
.     Em
   // Кори Яздонам шукӯҳу шавкат аст,
.  Am
   Адли Ӯ то ҷовидон пайваста аст. //

[V2]
 Қобили зикр аст аъмоли Худо,
 Бошад Ӯ бахшандаву роҳатфазо.
 Ризқ мебахшад ба тарсгорони Худ,
 Ҷовидона ёд дорад аҳди Худ.

[C2]
   // Қуввати аъмоли Худ зоҳир кунад,
   То ба қавмаш ирси халқҳоро диҳад, //

[V3]
 Ростиву адл аст аъмоли Ӯ,
 Лоиқи ҳар эътимод аст амри Ӯ.
 Рабби мо то ҷовидон қоим бувад,
 Ростиву адл асли Ӯ бувад.

[C3]
   // Баҳри қавми Худ раҳоӣ додааст,
   Аҳди Худро то абад фармудааст.
   Тарси Яздон ибтидои ҳикмат аст,
   Ҳикмат иҷро гар шавад, арзанда аст. //</lyrics>
<title>Ҳамд гӯям Раббро, эй мардумон Хд233</title>
<hymn_number>233</hymn_number>
<key>C</key>
</song>